• Тоҷик - Инҷили Марқӯс 15: 21-47.mp4

  • Jan 19 2023
  • Duración: 5 m
  • Podcast

Тоҷик - Инҷили Марқӯс 15: 21-47.mp4  Por  arte de portada

Тоҷик - Инҷили Марқӯс 15: 21-47.mp4

  • Resumen

  • тоҷикӣ Марқӯс - Таджикский - Евангелие от Марка 2:1-12.mp4 / Tajik Language - Gospel of Mark 2:1-12.mp4 // ЮҲАННО 1 - Каломи ҳаёт1Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд.  2Вай дар аввал бо Худо буд  3ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд.  4Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.5Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.6Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад,  7ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд.  8Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад.  9Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.10Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд.  11Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд.  12Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд.  13Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.14Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.  15Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».16Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем.  17Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.  18Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
    Más Menos
activate_primeday_promo_in_buybox_DT

Lo que los oyentes dicen sobre Тоҷик - Инҷили Марқӯс 15: 21-47.mp4

Calificaciones medias de los clientes

Reseñas - Selecciona las pestañas a continuación para cambiar el origen de las reseñas.